МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хушкмева биноиро мустаҳкам намуда, барои таъмини витаминҳои бадан муфид аст

Июль 26, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пажӯҳишҳои олимони соҳаи тиб, истеъмоли хушкмева хатари саратонро коҳиш медиҳад. Инчунин истеъмоли хушкмева сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд карда, кори дилро ба эътидол меорад, биноиро мустаҳкам намуда, барои таъмини витаминҳо дар бадани инсон фоидаовар аст.

Истеъмоли хушкмева ба инсон давоми ҳазорсолаҳо маълум аст. Дар солҳои қадим, ки мардҳо ба шикор мерафтанд, занҳо меваҳои аз дарахт афтодаро ҷамъ карда, дар зери нури Офтоб хушк мекарданд. Мусофирон дар вақти ба сафар баромадан ҳатман хушкмеваро озуқа мегирифтанд, зеро меваи хушк дар сафар инсонро сер нигоҳ дошта, аз касалиҳо эмин нигоҳ медошт. Табибони қадим хушкмеваро ганҷинаи табобатӣ меҳисобиданд.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, мавизи хушк (аслан ангур) сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд мекунад, кори дилро ба эътидол меорад ва ба узвҳои ҳозима таъсири хуб мерасонад. Он инчунин манбаи калий ва калтсий мебошад. Зардолуи хушк (аслан зардолу) биноиро мустаҳкам мекунад ва кори дилро беҳтар намуда, манбаи фосфор, калий ва калсий мебошад.

Инчунин себи хушк барои бемориҳои гурда ва ғадуди сипаршакл муфид аст. Ноки хушккардашуда норасоии витаминҳоро дар бадан пур мекунад. Ҳамчунин дигар меваҳои хушкардашуда аз манфиат холӣ нестанд.

Хушкмеваҳо аз витаминҳои А, В1, В2, В3, В5, В6 ва минералҳо, ба монанди оҳан, калтсий, магний, фосфор, калий, натрий бой мебошанд. Хушкмева хусусияти хуб дорад ва онро шумо ба муҳлати зиёд  нигоҳ дошта метавонед. Одатан хушкмеваро бо ду тарз тайёр мекунанд: табиӣ, яъне дар зери нурҳои Офтоб ва тарзи дуюм, ин коркарди меваи тар бо сулфур ё ин ки олтингӯгирд мебошад.

Имрӯзҳо бештари корхонаҳо меваро бо сулфур хушк мекунанд. Он ба нигоҳ доштани ранги аслии меваи хушкунонида мусоидат мекунад ва муҳлати нигоҳдории хушкмеваро зиёд менамояд. Хушкмеваи дар зери нурҳои Офтоб хушкунонида каме тираранг буда, аз хушкмеваи бо сулфур коркардшуда аз ҷиҳати табобат бартарӣ дорад. Аз ҳамин сабаб дар вақти харидорӣ намудан ба хушкмеваи бо тарзи табиӣ хушкунонида аҳамият диҳед.

Ба иттилои мутахассисон, истеъмоли хушкмева чӣ дар фасли зимистон ва чӣ тобистон фоидаовар мебошад. Истеъмоли хушкмева дар   мавсими сармо хеле муфид аст, зеро дар ин фасл инсон ба норасоии витаминҳою микроэлементҳо дучор мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки чун содироткунандаи хушкмева дар Осиёи Марказӣ ва берун аз  он шинохта шудааст. Яке аз меваҳое, ки тару тозаи он дар айни замон содирот мегардад, ин зардолу мебошад. Онро низ корхонаҳои махсуси ҷумҳурӣ хушк намуда, содирот мекунанд. Зардолуи хушк барои Тоҷикистон маҳсулоти миллӣ аст, ин бренди истеҳсолӣ мебошад, ки тамоми инфрасохторро дар бар мегирад. Зардолуи хушк аз ҳама меваҳои хушк солимтарин ҳисобида мешавад.

Мавиз. Меваи хушки ангур маъмултарин навъи меваи хушк дар мамлакати мо мебошад. Бо содагии берунии истеҳсоли он технологияи истеҳсоли мавизи баландсифат дар асл хеле мураккаб аст ва риояи қатъии якчанд шартро талаб мекунад. Пеш аз ҳама, мавизи хубро танҳо аз навъҳои ангур бо пӯсти тунук ва  гӯштӣ ба даст овардан мумкин аст ва миқдори шакар бояд на камтар аз 20 фоиз бошад (дар мавизи аллакай тайёр ҳиссаи шакар то 80 фоиз мерасад). Ба чунин хусусияти ангур танҳо дар иқлими гарми офтобӣ ноил шудан мумкин аст.

Дар Тоҷикистон мавизро бо усули махсус коркард мекунанд, ки дар он 80 фоиз шакарҳои табиӣ нигоҳ дошта мешаванд. Бояд гуфт, ки меваҳои хушк нисбат ба ангурҳои табиӣ миқдори зиёди моддаҳои муфид доранд.

Писта. Ба қатори меваҳои хушк дониста мешавад. Писта маҳсулоти солим аст ва дар байни ҳамаи меваҳои хушки мағздор ҷойгоҳи махсус дорад. Писта дорои унсурҳои муфид мебошад, ки он барои барқарорсозии заминаи психоэмосионӣ ва системаи дилу рагҳо таъсир мерасонад.

Духтурон тавсия медиҳанд, ки писта барои онҳое, ки фишори зиёди ҷисмонӣ ё руҳӣ доранд ва инчунин бемороне, ки ба наздикӣ ин бемориро аз сар гузаронидаанд, фоида дорад. Аз сабаби таркиби кислотаҳои равғанӣ писта инкишофи сактаи дилро пешгирӣ, деворҳои рагҳоро мустаҳкам ва тапиши дилро барқарор мекунад.

         Чормағз. Дарахти чормағз бисёрсола буда, баландиаш ба 35 метр мерасад. Мағзи чормағз хеле серғизо ва бомаза аст. Дар он 52-78 фоиз равған, 12-20 фоиз сафеда ва то 20 фоиз углевод ва витаминҳо мавҷуд мебошанд. Равғани чормағз дар саноат арзиши калон дорад. Дар баргу пӯстлох ва меваи кабуди он витамини С ва моддаҳои обдиҳандаи пӯст мавҷуд аст. Табиби машҳури Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китобҳояш навиштааст, ки «шираи чормағзро ба гӯш чаконанд, пеши варамкуниро мегирад».

Дар таркиби мағзи он оҳан, фосфор, мис, равған ва сафеда мавҷуд буда, дар ҳазми таом ёрӣ мерасонад, қувваи инсонро зиёд мекунад, сохтори асабро дар як маром нигоҳ медорад. Барои одамони вазнашон бисёр зиёд тавсия дода намешавад.

         Бодом. Ду навъи он мавҷуд аст — ширин ва талх. Мағзи бодоми ширин таъми мулоим ва хушмазза дошта, ба осонӣ аз бодоми талх фарқ карда мешавад. Он дардҳои синаву шикам ва сулфаи хушкро даво мебахшад. Инчунин бодом барои дармони захми рӯда, масона ва шикамдард муфид аст. Онро бирён карда истеъмол намоянд, меъдаро қавӣ мекунад. Пӯсти бодом милку решаи дандонро тақвият мебахшад.

Агар равғани бодомро бо оби гарм омехта карда, бинӯшед, доруи хубе барои рафъи шикамдарди кӯдакон хоҳад буд. Аммо табибон хӯрдани бештари онро аз 10 дона зиёд тавсия намедиҳанд. Зеро он барои меъдаҳои заъифу сард хуб нест ва ашхосе, ки меъдаи заиф доранд, беҳтар аст бодомро бо шакар бихӯранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 26, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН!
ПЕШВОИ ТАШАББУСКОР ВА ДАВЛАТИ ТАЪСИРГУЗОР
Донистани роҳҳои дурусти муҳофизат аз гармии тобистон барои ҳифзи саломатӣ муҳим мебошад
То замони муосир барои шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар аз 10 фарҳанг ба қалам омадааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз пиршавиро пешгирӣ менамояд
Водии «Ҳафткӯл» бо кӯлҳои рангоранг ва табиати афсункораш диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани чакка барои бемориҳои системаи ҳозима ва сил муфид аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат талош менамояд
ХУТТАЛИ ҚАДИМ. Пазируфта шудани он ба рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ далели нақши муҳими ин маконҳо дар таърихи минтақа аст
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!