Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 27.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Духтурони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар конфронси 8-уми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё таҳти шиори «Тиб ва илм: чӣ гуна бояд замони тағйирёбандаро сипарӣ кард» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Конференсияи тиббии КФО дар Малайзия садҳо нафарро ҷамъ овард, ки бо навтарин тағйирот ва навгониҳои тибби варзишӣ шинос шуданд.
Конфронси тиббӣ барномаи пурраи семинару даврҳои омӯзиширо дар бар гирифт, ки ба мавзуъҳои ёрии таъҷилии тиббӣ дар футбол, физиотерапияи варзишӣ, расмиёти зиддидопинг ва ташхиси амалии ултрасадои узвҳои устухон бахшида шуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






