НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии «Тоҷикстандарт» ба зиёда аз 21 ҳазор миқдор молу маҳсулот сертификати мутобиқат дод

Июль 29, 2025 11:08

ДУШАНБЕ, 29.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар самти баҳодиҳии мутобиқат давоми шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҷумҳурӣ нисбат ба 21 002 миқдор молу маҳсулот, аз ҷумла дар 15 ҳазору 337 ҳолат ба молу маҳсулоти воридотӣ, дар 1510 ҳолат ба молу маҳсулоти содиротӣ ва дар 4155 ҳолат нисбат ба молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуда, ба ин молу маҳсулот сертификати мутобиқат дода шуд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Мирзоён.

Мовини якуми директори Агентӣ иброз намуд, ки дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 барасмиятдарории амалиёти содиротӣ ва воридотӣ дар Агентӣ тавассути низоми «Равзанаи ягона» идома дошта, дар Агентӣ ва марказҳои зерсохтори он расмиёти сертификаткунонӣ бо риояи талаботи низоми мазкур гузаронида мешавад.

«Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар 102 корхонаи ватанӣ низоми менеҷменти сифат амалӣ гардида, дар ин замина корҳои сертификатсионӣ ба анҷом  расонида шуданд. Ҳамзамон дар 47 корхона корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масоили истифодаи стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO 9000 (9001, ISO 22000, НАССР ) гузаронида шуданд», — гуфт дар идомаи нишасти матбуотӣ Раҳмоншо Мирзоён.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2025 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд