НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба Абузабӣ, Шарҷа, Сеул ва Анталия парвозҳои ҳавоӣ амалӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҷуғрофиёи парвозҳоро фарох гардонида, дар масири Душанбе-Абузабӣ ва Душанбе-Шарҷа, Хуҷанд-Шарҷа, Душанбе-Сеул, Душанбе-Деҳлии нав, Душанбе-Анталия, Душанбе-Анқара ва бо ширкатҳои ҳавоии Маҷористон парвозҳои ҳавоиро амалӣ мегардонад. Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Таъкид карда шуд, ки зери роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи гражданӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Ҳамзамон барои афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии авиатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Шарҷа ва Душанбе-Абузабӣ чанде қабл дар мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳӣ, Раиси Мақомоти федеролии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баррасӣ гардида буд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






