НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 30 маротиба корҳои омӯзишӣ, таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ оид ба омӯзиши қабати барф гузаронида шуданд

Июль 25, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» соли 2025 дар фасли зимистон 30 маротиба корҳои омӯзишӣ, таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ оид ба омӯзиши қабати барф бо усули пиёда, 1 маротиба мушоҳидаҳо бо воситаи чархбол (аэровизуалӣ), 5 экспедитсия ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, минтақаҳои селфаро ва тармафаро гузаронида шуд. Чунин иброз дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.

«Аз рӯи мушоҳидаҳо ҳисобот ва бюллетенҳои захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ ҳар даҳрӯза ва моҳона омода гашта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардиданд. Зимни таҳлили маълумоти обуҳавошиносӣ ва захираи барф дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии мамлакат хатари зуҳуроти тарма пешгӯӣ шуда, дурустии пешгӯиҳо давоми нимсолаи якуми соли равон 90 фоизро ташкил дод»,-афзуд Баҳодур Шерализода.

Бо дахли ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили ҳифзи пиряхҳо иброз гардид, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки беш аз 2600 нафар аз 90 давлати дунё баргузор гардид. Дар доираи он ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзуӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд ва 25 чорабинии ҳамроҳ гузаронида шуд. Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Наврӯзгоҳ» 29 майи соли равон «Фестивали пиряхҳо» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Инчунин дар Агентии обуҳавошиносии Кумита «Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ» доир шуд. Дар ҳошияи он бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон дар мавзеи «Сафеддара» бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва меҳмонону ҳавасмандон дави экологӣ барои пиряхҳо — «Eco-Run For Glacier» баргузор шуд. Ғолибони он бо ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст