НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Иншооти энергетикии Тоҷикистон дар рушди соҳа нақши муассир мегузоранд

Июль 25, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ҷумҳурӣ якчанд иншооти муҳими энергетикӣ ба истифода дода шуданд, ки дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат нақши муассир мегузоранд. Чунин иброз намуд Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Дар ин давра хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд» дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии «Себзор» (бо иқтидори 11 МВт) дар ноҳияи Роштқалъа, 2 неругоҳи барқи офтобӣ (3,25 МВт ва 1,62 МВт батарея) дар ноҳияи Мурғоб, 4 неругоҳи хурди барқи обӣ (дар маҷмуъ, 451 кВт) дар ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал» дар ноҳияи Рӯшон ба истифода дода шуданд.

Вазири энергетикаи мамлакат афзуд, ки сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт дар ноҳияи Шуғнон, 42 км хати интиқоли барқи дузанҷираи 110 кВ «Вомар-Возванд» дар ноҳияи Рӯшон ва зеристгоҳи 110/35-киловолтаи «Қозидеҳ» дар Ишкошим шуруъ гардид.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи энергетика дар мамлакат, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд