НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Интиқоли 70 фоизи борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд

Июль 23, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то 80 фоиз сабукӣ  пешниҳод намудааст. Ҳамчунин бо маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳо ҳамкории судманд ба роҳ монда, аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо сабукиҳои назаррас барои боркашонӣ дастрас намудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки саҳми нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, интиқоли 70 фоизи борҳо дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.

Таҳлили боркашонӣ нишон медиҳад, ки 90,3 фоиз ба интиқоли воридотӣ, 5,9 фоиз ба интиқоли содиротӣ ва 3,7 фоиз ба боркашонии маҳалӣ (дохилӣ) рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 23,7 миллион сомонӣ 92 вагон аз таъмири асосӣ ва 194 вагон аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуда, ба маблағи 16,5 миллион сомонӣ хати роҳ таъмир карда шуд.

Дар ин давра биноҳои нави истгоҳҳои Регар ва Ваҳдат сохта шуданд. Ҳамзамон корҳои ободгардонӣ, васлкунии коммуникатсияҳо, пардоз ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳои корӣ бо маводу таҷҳизоти замонавӣ анҷом ёфта, ба истифода супорида шуданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад