НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сокинони Лахш дар 5507 гектар картошка кишт намудаанд

Июль 30, 2025 08:28

ЛАХШ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, сокинони ноҳияи Лахш имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, яъне дар 5507 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасон картошка, дар 893 гектар зироати ғалладонагӣ, дар 3 гектар зироати техникӣ, дар 99 гектар сабзавот ва дар 1558 гектар зироати хӯроки чорво кишт намудаанд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи 5507 гектар кишти картошка 3300 гектари он дурнамои кишти картошка дар сохтори кишоварзӣ мебошад. Ҳоло майдонҳои кишти картошка бо оби полезӣ пурра таъмин буда, нашъунамои он хуб мебошад. Кишоварзони ноҳия имрӯзҳо ба давраи сеюм ва чоруми ғизодиҳии картошка машғул мебошанд. Умед аст, ки кишоварзони ноҳия ҳосили фаровони картошка рӯёнида, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби низоми бонкии ноҳия барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва кишоварзии ноҳия беш аз 13,1 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки 3,9 миллион сомонии ин маблағ ба соҳаи картошкапарварӣ равона шудааст.

Тавре зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш сохтмони 124 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 68 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 56 иншооти боқимонда сохтмон ва лоиҳакашӣ идома дорад.

Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва шарикони рушд сохтмони қасри фарҳанг, бинои адлия, Маркази бехатарии озуқаворӣ, бинои маъмурии шабакаҳои барқ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, идомаи корҳои кашидани хати оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия ва дигар иншооти хизматрасонӣ босуръат идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад