Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Палатаи миллии савдо ва саноати Муғулистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро таҳким мебахшад
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи миллии савдо ва саноати Муғулистон ба имзо расонида шуд, ки заминаи муҳим барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба ба ҳисоб меравад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, Ёддошти тафоҳум ба таҳким ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, техникӣ ва робитаҳои байни корхонаҳои Тоҷикистону Муғулистон, ширкатҳо, соҳибкорон ва ассотсиатсияҳою иттиҳодияҳои онҳо, ҷалби сармоя ва иқтисодиёти ҳарду мамлакат ва таъсиси корхонаҳои муштарак мусоидат менамояд.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо равобити кории соҳибкорон, намоишҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳоро бо мақсади шинос намудани ҷомеаи соҳибкорӣ бо иқтисод ва имконияти содиротии ҳарду ҷониб ба роҳ монда, инчунин бо ташкили омӯзишҳо, симпозиумҳо ва маърузаҳои мутахассисон ба ҳамдигар кумак мерасонанд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






