Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд

ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тамоюли болоравии ҳарорат дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз он дарак медиҳад, ки пешгӯиҳо барои солҳои оянда пеш аз муҳлат ба иҷро мерасанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус агентии «Kazinform» бо истинод ба «Анадолу» иттилоъ додааст.
Дар ин хусус профессор Мурат Туркеш, аъзои раёсати Маркази таҳқиқоти тағйирёбии иқлим ва сиёсати Донишгоҳи Богазичи изҳори назар намудааст.
Хадамоти тағйирёбии иқлими Иттиҳоди Аврупо Copernicus гузориш додааст, ки моҳи июни соли 2025 панҷумин июни гармтарин давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо дар сайёра буд. Мувофиқи маълумоти Copernicus, ҳарорати миёна дар Аврупо дар моҳи июни соли 2025 18,46° C буд, ки ин аз ҳисоби миёнаи моҳи июни солҳои 1991-2020 1,10 ° C зиёдтар мебошад.
Ҳамин тариқ, пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) оид ба ҳарорат барои соли 2050, ки соли 2015 нашр шуда буданд, аллакай аз соли 2025 амалӣ шуда истодаанд.
Хадамоти обуҳавошиносии Фаронса эълон намуд, ки 1 июл дар 16 вилоят, аз ҷумла дар пойтахти давлат- шаҳри Париж бо сабаби гармои шадид хатари дараҷаи сурх ва дар 68 музофот хатари дараҷаи норанҷӣ эълон карда шуд. 2 июл бар асари гармои шадид дар чор музофот хатари дараҷаи сурх ва дар 55 вилоят хатари дараҷаи норанҷӣ эълон гардид.
Мурат Туркеш изҳор намуд, ки бо сабаби гармшавии глобалӣ тамоюли болоравии ҳарорати замин ва сатҳи баҳр солҳои охир боқӣ мондааст.
Ба иттилои ӯ, ҳароратҳои муттасили баланд дар миқёси ҷаҳонӣ боиси пайдоиши мавҷҳои гармӣ шуда, дар якчанд давлатҳо ва минтақаҳо ҳарорати ғайримуқаррарӣ сабт шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз