Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро барои минтақа муҳим арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Заробиддин Ширинов.
Президенти Муғулистонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ меҳмонон бо обқабулкунакҳои доимӣ, обпартоҳои минтақаҳои нақби СТ-4, минтақаҳои асосии тақсимоти барқ ва толори мошинҳо шинос шуданд.
Президенти Муғулистон баъди боздид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дода, ин иншооти стратегиро барои минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум тарафҳо ҳамкории байниҳамдигариро дар бахши энергетика, бахусус дар самти истифодаи манбаъҳои энергетикаи обӣ тақвият медиҳанд. Дар ин замина табодули таҷриба дар бахши таҳия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва тақвияти иқтидори кадрӣ таҳким бахшида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид






