Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд

Июль 8, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар шаҳри Токио мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух  Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Матсумото Ҳисаши баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии об, маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар омодасозии чорабиниҳои муҳим дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.

Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории ҳасана ва судманди ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд