РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гузориши охирини Шурои байналмилалии нақлиёти тоза (ICCT) моҳи июли соли 2025 ба баҳс сари он, ки кадом намуди нақлиёт ба муҳити зист камтар зарар дорад, нуқта гузошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Олимону коршиносон сарбории пурраи карбонро дар мошинҳо аз истеҳсол ва истифода то нобуд (утилизатсия) шуданаш ҳисоб намуданд, ки дар натиҷа мошинҳои барқӣ бартарӣ нишон доданд.
Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи рушди Electric Vehicle
Electric Vehicle (EV) номи умумии мошинҳои барқӣ мебошад, яъне мошинҳое, ки дар онҳо ҳамчун манбаи энергия барқ ва чун агрегати қувва муҳаррики барқӣ истифода карда мешавад.
Ҳамин тавр, ба ақидаи таҳлилгарони ICCT, кроссовери миёнаи барқӣ, ки ба он аз шабакаи одии Аврупо барқ пур карда мешавад, тақрибан 63 г CO2-ро дар 1 км роҳ ихроҷ мекунад. Барои муқоиса: мошини бо бензин ҳаракаткунанда дар чунин тӯли роҳ 235 г CO2/км хориҷ менамояд. Бо энергияи тоза нишондиҳандаҳо боз ҳам беҳтар мешаванд – то 52 г / км. Ин аллакай 78 фоизи партовҳоро дар муқоиса бо мошини бо бензин коркунанда кам мекунад.
ICCT: ҳиссаи энергияи «сабз» дар Аврупо ба 86 фоиз мерасад
Ин нишондиҳанда дар гибридҳои HEV ба 188 г CO2/км ва дар гибридҳои PHEV ба 163 г баробар аст. Мошинҳои бо дизел ва бензин ҳаракаткунанда қариб баробар – ба андозаи 234235 г/км карбон хориҷ менамоянд. Мошинҳои бо газ ҳаракаткунанда (CNG) 203 г газ ихроҷ менамоянд, ки ин аз меъёрҳои «сабз» дур аст. Шурои байналмилалии нақлиёти тоза изҳор медорад, ки ҳиссаи энергияи «сабз» дар Аврупо соли 2025 ба 56 фоиз ва то соли 2045 ба 86 фоиз мерасад. Захираи батареяҳои муосир то 2 миллион км кифоят хоҳад кард.
Барномаи рушди нақлиёти барқӣ қабул карда шудааст
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул карда шудааст, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2022 ба тасвиб расидааст. Дар он якчанд тадбирҳо, аз ҷумла таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо, бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ, таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо, додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ ва ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ пешбинӣ гардидаанд.
Дар барнома омадааст, ки қонеъ кардани талабот ба намудҳои нави мошинҳои барқӣ тавассути истифодаи иқтидори корхонаҳои хусусии ватанӣ амалӣ карда мешавад. Дар айни замон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» истеҳсоли оммавии намудҳои нави автобусҳои барқӣ, инчунин истеҳсоли системаҳои дастгирии аккумуляторӣ барои мошинҳои барқиро аз рӯи принсипи «чандирӣ» ба нақша гирифтааст.
Тоҷикистон мошинҳои барқӣ истеҳсол менамояд
Илова бар ин, Тоҷикистон ният дорад дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ мошинҳои барқӣ истеҳсол намояд. Бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон, ба мисли дигар кишварҳо баъзе имтиёзҳо амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 ба мамлакат ворид намудани воситаҳои нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 (мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705, Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) манъ карда, тибқи таҳрири нави Кодекси андози Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2022 қабул шудааст, воридоти мошинҳои барқӣ ба муҳлати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Консепсияи гузариш ба низоми барқии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026» ва Қарор дар бораи то 1 сентябри соли 2025 гузариши пурра ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ» — ро имзо намуданд.
Беш аз 12 ҳазор мошини нави барқӣ ворид гардидааст
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар соли 2024 ба мамлакат 17 695 мошини барқӣ ворид гардида бошад, пас танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 беш аз 12 821 мошини нави барқӣ ворид карда шудааст. Шумораи умумии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон то 1 июни ҳамин сол 34 354 ададро ташкил дод.
Бахши нақлиёти барқӣ тибқи барномаи махсус рушд дода мешавад
Қаблан маҷаллаи рангаи автомобилии Русия «Пятое колесо» дар сомонаи худ мақолаеро бо номи «Тоҷикистони электромобилӣ» нашр карда буд (ниг. ба 5Koleso.ru, 18 августи соли 2024). Дар он муаллиф Роман Прокопенко менависад: «Тоҷикистон маҳз ҳамон давлати ИДМ аст, ки воридоти мошинҳои барқӣ бо суръат меафзояд. Ва Ҳукумат ният дорад, ки бахши нақлиёти барқиро тибқи барномаи махсус то соли 2028 ба таври ҷиддӣ рушд диҳад. Ин ба ҳадде ҷиддӣ аст, ки ҳоло сухан дар бораи ташкили истеҳсоли пурраи мошинҳои барқӣ дар ҳудуди мамлакат бо мусоидати шарикони хориҷӣ меравад. Ва ҷумҳурӣ ният дорад, ки дар ин самт ба қувваи барқи экологӣ ва арзони худ такя кунад…».
Истифодаи мошинҳои барқӣ мувофиқ ва самараноктар аст
Дар мақола бо истинод ба сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мисолҳо оварда шуда, тадбирҳои тибқи ин барнома амалишаванда иброз гардидаанд. Инчунин афзоиши ҳамасолаи воридоти мошинҳои барқӣ ба мамлакат таъкид карда мешавад. Роман Прокопенко ин суханони Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳимро, ки соли 2024 дар нишасти матбуотӣ изҳор карда буд, иқтибос намудааст: «Тоҷикистон яке аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон истеҳсол мекунад. Дар робита ба ин, истифодаи мошинҳои барқӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳама ҷиҳат мувофиқтар ва самараноктар аст. Хусусан дар давраи болоравии нархи сӯзишворӣ».
Муаллифи мақолаи маҷаллаи «Пятое колесо» дар охир чунин суол гузоштааст: «Оё роҳи интихобкардаашон дуруст аст?».
Бо назардошти бисёр омилҳо, аз ҷумла гузориши охирини Шурои байналмилалии нақлиёти тоза (ICCT) метавон ба таври қатъӣ гуфт, ки Тоҷикистон роҳи дурустро пеш гирифтааст, зеро нақлиёти барқиро рушд медиҳад. Ин омил ба гузариш ба технологияҳои тоза ва мубориза бо тағйирёбии иқлим рабт дорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон