Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва Раиси Ассотсиатсияи байналмилалии рушди ҳудуди Федератсияи Русия Васил Мазитов рушди ҳамкории минбаъда дар самти заминсозӣ ва кадастри замин, инчунин рақамикунонии соҳа баррасӣ карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар медиҳад, дар мулоқот изҳори омодагӣ карда шуд, ки барои тақвияти ҳамкорӣ гурӯҳҳои корӣ вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ҳамкориро идома диҳанд.
Пешниҳод гардид, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушди ҳудуди Федератсияи Русия кадрҳои соҳаи заминсозии Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон