Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро, ки барои 500 оила пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Барои захираи оби тоза ва таъмини доимии мардум дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб бунёд шудааст, ки барои сокинони деҳаи Сангистон туҳфаи арзанда дониста мешавад.
Хатти оби ошомиданӣ тариқи чоҳи амудӣ аз умқи 35 метр ба воситаи обкашҳои махсуси барқӣ бароварда шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин, ки дуртар аз саргаҳи он қарор доранд, дастрас карда шуд.
Лоиҳаи хатти оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ шудааст ва амалишавии он қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда мебошад.
Бунёди иншоот моҳи майи соли равон оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом ёфтааст. Барои анҷоми корҳои сохтмон беш аз 30 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин буд.
Мавриди зикр аст, ки деҳаи Сангистон аз минтақаҳои сераҳолии ноҳияи Айнӣ ба шумор меравад ва марҳилаи рушду пешрафти он замони солҳои соҳибистиқлолӣ дониста мешавад. Ҳоло шумораи аҳолии ин деҳот, тибқи нишондодҳои оморӣ ба ҳолати моҳи январи соли 2025 ба беш аз 2 ҳазору 475 кас мерасад.
Аз сабаби афзоиши шумораи аҳолӣ дар деҳаи Сангистон талабот ба оби тозаи ошомиданӣ зиёд ва аз ин ҳисоб маҳдудият ҷорӣ гардида буд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби нӯшокӣ сокинони деҳа шабонарӯзӣ бо неъмати табиӣ таъмин шудаанд.
Иқдоми мазкур дар заминаи пешниҳоди ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон доир ба масоили обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастандаркорон барои ҳамраъйии онҳо дар амалишаваии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, иҷрои ин амалӣ хайрро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба Сарвару роҳнамои худ, барои ғамхории пайвастаашон изҳори қадрдонӣ карда, баҳри саҳмгузорӣ дар ободӣ ва гулгулшукуфоии Ватан омодагии худро таъкид намуданд.
Барои таъмини инфрасохтор 6 километр роҳи даруни деҳа, ки маркази ноҳияро бо деҳаи Сангистон мепайвандад, пурра мумфарш гардида, баҳри ҳаракати бемамониати нақлиёт шароити муносиб фароҳам оварда шуд.
Роҳи мазкур бо назардошти талаботи муосири роҳсозӣ бунёд шуда, чароғон гардидааст. Саҳми назарраси сокинону шахсони ҳимматбаланди деҳа дар ҳамаи ин ободониҳо аз ҷониби Сарвари давлат намунаи ибрат номида шуд.









 
						

 Барои омӯзгорони деҳаи дурдасти ноҳияи Ховалинг хобгоҳ сохта шуд
Барои омӯзгорони деҳаи дурдасти ноҳияи Ховалинг хобгоҳ сохта шуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд Дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара меҳмонхонаи замонавии  «Шоҳроҳ» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара меҳмонхонаи замонавии  «Шоҳроҳ» ба истифода дода шуд 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ   сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ   сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ идома дорад 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази хизматрасонии «Зарафшон» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази хизматрасонии «Зарафшон» ба истифода дода шуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони  №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони  №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд 
									 
									 
									 
									 
									





