Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» соли 2025 парвозҳои маҳаллиро тақвият дод

Июль 23, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр  соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳои маҳаллиро тақвият дода, дар масири Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Рашт, Душанбе-Ховалинг ва Душанбе-Ванҷ парвозҳои ҳавоиро фаъол гардонид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон директори ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» Парвиз Шодмонзода хабар дод.

Иброз гардид, ки дар ин давра 90 парвози ҷуфт иҷро гардид. Интиқоли мусофирон дар ҳамаи хатсайрҳо дар шаш моҳи соли равон тавассути хатсайрҳои дохилӣ 2763 мусофирро ташкил дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкат барои ба тариқи лизинг иҷора гирифтани 2 ҳавопаймо ва инчунин ҷалби маблағҳои грантӣ корҳоро ба роҳ мемонад.

Таъкид шуд, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи пешомада ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта барои аз ҳолати буҳронӣ раҳо кардану фароҳам овардани заминаи рушди минбаъдаи ҷамъият тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид