Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар конфронси илмӣ-амалии байналмилалии «Ташаккули дониш ва малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ» масъалаи баланд бардоштани маърифати роҳнамоӣ ва таъмини бехатарии кӯдакон баррасӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Конфронс аз 15 то 17 июли соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Конфронс бо мақсади таъмини амнияти кӯдакон ҳангоми иштирок дар ҳаракат дар роҳ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои онҳо дар бораи қоидаҳои роҳ доир шуда, дар робита ба он дар боғчаҳо ва мактабҳои ибтидоӣ дарсҳои махсус гузаронида мешаванд.
Ташаккули барвақтии дониш ва малакаҳои амалӣ дар бораи ҳаракати бехатар ба кӯдакон кумак менамояд, то дар муҳити шаҳр ва деҳа худро ҳифз намоянд ва масъулияти шахсиро омӯзанд.
Кӯдакон дар ҷараёни ин машғулият аломатҳои роҳро мешиносанд, истифодаи чароғакро меомӯзанд ва тарзи бехатари гузаштан аз роҳро мефаҳманд.
АКС аз манбаъҳои боз








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






