ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе барои босамар ва бофароғат гузаронидани давраи таътиили тобистона дар назди муассисаҳои таълимии пойтахт 47 майдончаҳои тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст, ки дар онҳо 7760 нафар кӯдакону наврасон дар чор баст истироҳат менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин шуда, дар онҳо чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, ташкил карда мешаванд.
Мувофиқи нақшаи рӯз истироҳати хонандагон оғоз аз машқи пагоҳирӯзӣ то оббозию хӯроки нисфирӯзӣ ва соати муаяйни хоб, машғул шудан бо бозиҳои шавқовар гузаронида мешавад. Ҳамзамон бо иштироки кӯдакону наврасон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва озмунҳои гуногун ташкил карда мешавад. Барои дӯстдорони адабиёти бадеӣ ҳамзамон маҳфилҳои адабӣ ташкил карда мешавад, ки хонандагон малакаи худро тақвият мебахшанд.
Инчунин дар онҳо гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ташкил шудаанд.
Истироҳати кӯдакону наврасон ба чор баст ҷудо гардида, давомнокии он 10 рӯзи ройгонро ташкил медиҳад. Мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ ва тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад.
Давоми соли хониш кӯдакону наврасон бесаброна таътили тобистонаро мунтазир мешаванд ва ҳар падару модар пешакӣ бояд босамар ва шавқовар гузаронидани ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намояд. Онҳо нагузоранд, ки хонандагон вақти худро давоми се моҳ дар пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд.
Дар давраи таътил кӯдакону наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишудаи рӯз дошта бошанд, зеро онҳо тамоми сол ба реҷаи қатъии рӯз одат кардаанд. Агар кӯдак давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






