«Тоҷикаэронавигатсия» ба зиёда аз 26 ҳазор техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба 26 ҳазору 259 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст, иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки дар ин давра аз ҷониби «Тоҷикаэронавигатсия» 15 ҳазору 167 парвози транзитӣ иҷро гардидааст.
Дар низоми авиатсияи граждании Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» нақши муҳим дорад. Роҳбарият ва аҳли кормандони он барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмин намудани низом ва таҷҳизоти муосири хизматрасонии аэронавигатсионӣ, бехатарӣ ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва ба ин восита рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






