Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд

Июль 17, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои таҳким ва густариши ҳамкории ду давлатро дар бахшҳои калидии саноат ва иқтисод мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ба таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати маъдан ва металлургия, аз ҷумла коркарди маъданҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим, инчунин мавзуи навсозӣ ва рушди соҳаи истеҳсоли алюминий таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Дар мулоқот аҳамияти хосса ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз чумла истеҳсоли ҷузъҳои мошинсозӣ, бунёди паркҳои саноатӣ, рушди саноати нафту кимиё ва ворид намудани технологияҳои пешрафта дар соҳаи энергетикаи алтернативӣ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аҳамияти фаъолсозии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро таъкид карда, барои имзои ҳарчи зудтари Созишномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои дахлдор барои солҳои 2025-2027 ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Ин санад барои ҳамкории дарозмуддати ҳадафманд замина фароҳам оварда, ба таҳкими иқтидори саноатӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории ҳарду давлат мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва сармоягузорӣ ба таври қобили таваҷҷуҳ рушди иқтисодӣ, диверсификатсияи иқтисод ва суръат бахшидан ба таҷдиди технологӣ дар ҳарду давлатро таъмин хоҳад кард.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»