Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд

Июль 7, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиков баргузор шуд. Дар мулоқот   ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар асоси дастуру супориши сарони ду давлат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 миллион доллар дар давраи миёнамуҳлат баён намуданд.

Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров равобити ду ҷумҳурӣ  ба сатҳи сифатан нав баромада, заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ фароҳам омадааст.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо  аҳамияти тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судмандро таъкид намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.

Иброз гардид, ки барои расидан ба ҳадафи мазкур заминаи мусоид ва иқтидори иқтисодии ҳар ду давлат басанда буда, корҳо дар самти содагардонии расмиёти савдо, интиқол ва транзити молу маҳсулот, рақамикунонӣ ва истифодаи долонҳои тиҷоратӣ бояд тақвият дода шаванд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 7, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд