Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд

Июль 25, 2025 14:07

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунии заминаи инноватсионӣ ва гузариш ба раванди рақамӣ аз масъалаҳое буд, ки дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва коммуникатсияи Муғулистон Батхубар Эншбаяр дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот доир ба дурнамои татбиқи ҳукумати электронӣ, аз ҷумла хизматрасонии давлатӣ дар шакли рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ибрози андеша намуданд.

Ҷонибҳо барои пайгирии амалисозии тавофуқоти бадастомада дар доираи санадҳои ҳамкорӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуда, ба зарурати идомаи муколамаи созанда барои татбиқи босамари иқдом ишора намуданд.

Бояд гуфт, ки ҷонибҳо 24 июл дар Қасри миллат дар ҳузури сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ду санади ҳамкорӣ, аз қабили «Ёддошти тафоҳуми ҳамдигарфаҳмӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва коммуникатсияи Муғулистон» ва «Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» ва Корхонаи давлатии «Академияи Э-Муғулистон»-ро ба имзо расониданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2025 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд