Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд

Июль 14, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти маҷозии ҳайати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот бо мусоидати Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид  ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева гузаронида шуд.

Ҷонибҳо инчунин масоли вобаста ба  мубодилаи таҷриба дар соҳаи рушди инноватсия ва механизмҳои мусоидат ба пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили иқтидори миллии инноватсиониро баррасӣ  намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқоти  маҷозӣ нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои асосии Шохиси ҷаҳонии инноватсия (Global Innovation Index – GII) мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифта, роҳҳои беҳтарсозии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раддабандӣ баррасӣ шуданд.

Чонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи муштараки ташаббусҳои марбут ба рушди иқтисодиёти инноватсионӣ ва рақамӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 14, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд