То замони муосир барои шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар аз 10 фарҳанг ба қалам омадааст

ДУШАНБЕ, 20.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. То замони муосир барои шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар аз 10 фарҳанг ба қалам омадааст. Аз ин даҳ фарҳанги навишташуда дутои он луғатҳои дузабонаи форсию туркӣ ва форсию арабӣ мебошанд.
Фарҳангнависӣ бар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳарчанд дар замони муосир тамоюлҳои тозаву мухталиф дарёфтааст, аммо сайри таърихии он ба замони наздик ба рӯзгори муаллифи он мерасад. Донишмандон доир ба иншои пешинаи луғатномаҳо дар қаламрави забон ва адаби тоҷикӣ-форсӣ назарҳои мухталифе баён доштаанд, ки хулосаи он ба мавҷудияти рисолае дар луғат аз Абуҳафси Суғдӣ мерасад.
Қадимтарин фарҳанги «Шоҳнома» «Муъҷами «Шоҳнома»» унвон дошта, аз муаллиф ва мураттибаш Дафтархони Одилӣ ном бурда мешавад. Дар муқаддимаи фарҳанг номи аслии муаллифи он Муҳаммад Ибни Ризо ибни Алавии Тусӣ дарҷ шудааст. Бар асоси таҳқиқоти мавҷуда, ҳудуди солҳои 589-655 умр ба сар бурдааст, ки тақрибан ба нимаи дуюми асри дувоздаҳ ва аввали асри сездаҳ мувофиқ меояд. Асар ҳарчанд бо номи «Муъҷам»-и «Шоҳнома»» ба нашр расидааст, аммо худи муаллиф аз он дар муқаддимаи асараш ҳамчун «Муъҷам» ёд мекунад ва ҳатто таъкид медорад, ки онро «Муъҷам ном ниҳодам». Чун номи аслии муаллифи фарҳанг Муҳаммад ибни Ризо ибни Алавии Тусӣ будааст, ки дар муқаддима худи ӯ ҳам бар ин ишорат фармуда, китоб бо номи «Муъҷам»-и Тӯсӣ маъруф будааст. Ин нукта аз он ҳам дарак медиҳад, ки чун муаллифи «Шоҳнома»- аввалин фарҳанги форсӣ нахустнигорандаи фарҳанги ҳамосаи миллӣ ҳамшаҳрии Фирдавсӣ ва Асадӣ будааст. Бо он ки ин фарҳанг панҷоҳ сол қабл дар Эрон бо кӯшиши Ҳусайни Хидевчам чоп шуда, аммо то дар тамоми давлатҳои форсизабон дар сатҳи матлуб таҳқиқ нагардида, ки ин амр ниёз ба баррасии бештар доштанашро собит месозад. Аз сӯи дигар, мутолеаи фарҳангҳои муосири «Шоҳнома» ин нуктаро равшан месозад, ки дар ҷараёни кори хеш аксари онҳо зимни ибрози сарчашмаҳои кори худ аз ин фарҳанг ном набурдаанд. Ин матлаб ишорат бар мекунад, ки ба эҳтимоли зиёд бештари онҳо аз мавҷудияти чунин фарҳанг иттилои дақиқ надоштаанд.
Сабаби «Муъҷам» ном гирифтани фарҳанг бар шеваи иншои он рабт мегирад, ки дар муқаддима муаллиф зимнан ишорате бар он мекунад: «Ва акнун аз ин ҷо бар сари абёти «Шоҳнома» шавем ва маънии алфози ӯро, ки мушкил аст, бар ҳуруфи муъҷам баён кунам». Ин муъҷам ҳамон шаклу шеваи тадвини фарҳангҳо бо такя бар ҳуруфи ҳиҷоист, ки нахустин фарҳанги форсии маҳфуз то замони мо, яъне «Луғати фурс» шаҳодат аз ин амр дорад.
Муаллифи «Муъҷами «Шоҳнома»» Муҳаммадризо ибни Муҳаммад Алавии Тусӣ, маъруф ба Шариф Дафтархони Одилӣ достони дастрасӣ ба яке аз нусхаҳои нодири ҳамосаи миллӣ ва сабаби таълифи асарашро чунин нақл мекунад, ки бегумон шоҳиде барои шарҳи достони шоҳномахонии мардумони ориётабор ва заминаҳои муассири он дар иншои чунин фарҳанномаҳо дар гузари замонаҳост: «Дар унфувони ҷавонӣ маро ҳаваси дафтархонӣ ва сухани назму наср хондан ба порсӣ ва тозӣ афтод. Ва ҳар куҷо ва ҳар кас ки машҳур будӣ дар ин боб, қасди ӯ кардаме ва аз фоида ҳосил кардам. Чун ба ҷониби Ироқ афтодам, ба шаҳри Исфаҳон расидам, дар кӯчаҳо ва мадрасаву бозорҳо чунонки шарти ғурабост, мегаштам, то ба мадрасаи «Тоҷиддин» расидам. Чун дар рафтам, ҷамоате дидам, нишаста ва дари китобхона боз ниҳода ва ҳар касе чизе менавишт.
Чун он ҷамъиятро дидам, пеш рафтам ва салом кардам ва нишастаму гуфтам:
«Дар ин хизона «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ ҳаст? Соҳиби хизона гуфт. Ҳаст. Бархост ва муҷаллади аввал аз «Шоҳнома» ба ман дод. Гуфтам: Чанд муҷаллад аст? Гуфт: Чаҳор ҷилд аст ва ҳар ҷилде понздаҳ ҳазор байт. Чун боз кардам, хате дидам, ки сифати он боз натавон дод ва ҷадвалеву тазҳибе, ки беҳ аз он набошад. Гуфтам: Муҷаллади чорум бидеҳ, то бубинам, ки хати кист ва куҷо навиштаанд? Бархост ва ҷилди чаҳорум ба ман дод. Ба охири он нигоҳ кардам. Чунон намуд, ки беҳ аз ҳама навиштаанд ва хати марде маъруф дар Хуросон ба номи Малик Муваид навишта. Чун онро мехондам ва дар дил тааммул мекардам, ҳар байте, ки дар ӯ лафзи мушкиле буд, аз забони «дарӣ ва паҳлавӣ» маънии он бархе дар зер навишта буд. Бо худ гуфтам, ки мисли ин нусха кас надида аст. Ва ин алфозро ҷамъ бояд кард, ки бисёр хонандагон ҳастанд, ки ин шеър мехонанд ва маънии ин алфоз намедонанд.
Гуфтам соҳиби хизонаро, ки маро бояд, ки ин абёт, ки мушкил аст, ихтиёр кунам. Гуфт: Муборак аст. «Коғаз ва давоту қалам аз мо, навиштан аз Шумо».
Албатта, ин достон тӯлонист ва дар умум муаллиф сабаби иншои фарҳангномаи мазкурро ҳам дар ин муқаддима ташреҳ дода. Аммо нуктаи муҳиме, ки аз ин баёнот равшан мегардад, вуҷуди чунин китобхонаҳо дар масири таърихи миллати мост, ки он ҷо нусхаи шаҳномаҳое чунин бо фарогирии ҳамон шаст ҳазор байт ба шумор меояд, ки рӯзҳову соатҳо мардум нишаста, дар баробари осори дигар онҳоро мехондаанд. Дар баробари ин фарҳанг иншои бештар аз 10 фарҳанги дигар барои «Шоҳнома» навишта шуда, ки ҳамагӣ маҳсули чунин мутолеот аст ва ҳатто ин таъкиди муаллифи фарҳанг бар тавзеҳоти поварақи нусхаи мазкур, ки ҳоло доир ба он иттилое дигар дар ихтиёр надорем, шореҳи он аст, ки аз шумори нусхаҳои ҳамроҳ бо шуруҳи вожагони душвори шоҳасари безавол ҳам зиёд будаанд. Ба ибораи дигар, зуҳур ва эҷоди чунин фарҳангномаҳои бузург ҳам маҳсули чунин шоҳномахониҳост, ки ҳар яке дар маърифати ҷавҳари андешаи Фирдавсӣ ва ормонҳои ӯ муҳим ва муассиранд.
Ба ин ҳол, сабаби «Муъҷам» ном ниҳодани асари худро муаллиф дар идомаи баёноти мазкур чунин тавзеҳ медиҳад: «Рӯзе чанд аз баҳри фоидаи он биншастам ва аз аввали «Шоҳнома» то охир ҳар куҷо лафзи мушкиле буд, бинавиштам. Ва чун абёти пароканда буд, ман онро «Муъҷам» ном ниҳодам».
Ҳарчанд муаллифи фарҳанг ба сароҳат ишорат надорад, ки аз кадом манобеъ дар шеваи нигориш пайравӣ карда, вале тарҳи таҳияи он, ки бар асоси ҳуруфи равӣ тадвин шудааст, истиқболи шеваи Асадии Тӯсиро бозгӯӣ мекунад. Дафтархонӣ дар муқаддима дар мавриди усули иншои фарҳангаш чунин менависад: «Аз аввали ҳарфи алиф то ҳарфи ё бинавиштам ва тартиб ниҳодам, то хонандаро саҳл бошад ва ҳар калимаро хоҳад бингарад ба ҳарфи охир, «алиф» бошад, ба «алиф» равад ва агар «бо» бошад, ба ҳарфи «бо» равад ва аз он ҷо маънии он лафз бидонад, ки бештари мардум ҳастанд, ки «Шоҳнома» мехонанд ва аз ин алфози мушкил дармегузаранд.
Намунае аз ин фарҳанг барои шарҳи шеваи иншои он дарҷ мешавад:
«Рахшо- яъне дурахшон ва фурӯзон:
Ҷаҳон аст рахшо ба ойини шоҳ,
Маро нест парво, ки монам ба роҳ.
Як равиши ҷолиб дар усули нигориши фарҳанг, ки ба назар расид, он аст, ки гоҳо маврид нигоранда баробари ташреҳи вожаи мавриди назар зимнан вожаҳои дигари қобили таваҷҷуҳи байтро ҳам ишорат мекунад. Масалан, дар зимни шарҳи ҳамин вожаи «рахшо» боз ҳам менависад: «Дар ин се лафз аст, ки ҳар се ғариб ва луғат аст: яке рахшо, дувум ойин, савум парво.
Дар мавридҳои дигар танҳо бо баёни шеър иктифо мекунад ва аз рӯи ин ишорат ҳам равшан аст, ки он байт аз «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ баргузида шудааст. Дар шарҳи вожаи «Яхча» чунин омада:
Яхча тагарг бошад:
Шеър:
Зи борону аз яхчаву боди сард,
Ҷаҳон гашт чун дев дар рӯи мард.
Ҷолиб аст, ки ин вожа дар гуфтори форсии Фароруд бо ҳамин шакл, яъне, яхча ҳам истифода мешавад ва гунаи дигари он «жола» бошад. Ба форсии Фароруд ишорат намудан ҳам бечиз нест, зеро муаллифи ин фарҳанг худ низ дар бархе мавридҳо ба гунаҳои фарорудии вожагон ва маъруфияти онҳо дар ин шохаи забони форсӣ махсус таъкид кардааст.
Дар асрҳои миёна шеваи китобат бар матни форсӣ дар таъсири иншои хати арабӣ бар ҳадде тағйир хӯрд, ки ҳатто дар нусхаҳои хаттӣ зимни китобат нуқтаҳои хоси ин чаҳор ҳуруф ё аломати мадд бар болои ҳарфи «гоф» гузошта намешуд, ки ин амр муҳимтарин омил бар табдили калимаҳо бар гунаи арабӣ ё муарраб шудани онҳо мегардид. Аммо муаллифи нахустфарҳанги «Шоҳнома» ин усули кори котибон ва ҳатто муаллифони осорро ноогоҳии онҳо аз ҳуруфи хоси форсӣ унвон мекунад ва ба ҳамин хотир дар муқаддимаи китобаш ин нукотро гӯшзад мефармояд:
«Ва агар имрӯз дар китобҳои порсӣ ин нуқтаҳо дар зери ҳар калима наменависанд аз он аст, ки намедонанд, лоҷарам хонандагонро.
Ҳамин тавр, шеваи иншои ин фарҳанг бар пояи унвони он бо усули таҳаҷҷӣ идома мекунад ва дар кулл шарҳи вожагони ба таъбири худи мураттиби он душвори «Шоҳнома» -ро фаро мегирад. Аз фарҳанги мазкур ҳамагӣ як нусха дар дастрас будааст, ки асли он дар китобхонаи донишгоҳи Лоҳури Покистон маҳфуз аст. Донишманди соҳибноми эронӣ Ҳусайни Хидевҷам дар соли 1353/1974 китоби мазкурро дар асоси микрофилми аз нусхаи мавриди назар бардошташуда тасҳеҳ ва ба чоп расонидааст. Ба таъкиди ӯ, дар муқаддимаи нашри анҷомдодааш нусха дар «сӣ сафҳаи ёздаҳсатрӣ китобат шудааст. Ба ҷуз ду сафҳаи аввал ва охир. Чун дар феҳристҳои чопии мавҷуд монанди феҳристи нусхаҳои хаттии форсӣ, таълифи Аҳмади Мунзавӣ ва «Китобшиносии Фирдавсӣ» таълифи Эраҷи Афшор номе аз ин фарҳанги кӯчаки «Шоҳнома» ба миён наёмада ва ман танҳо акси нусхаро дар ихтиёр дорам, аз зикри дигар мушаххасоти нусха монанди навъи коғаз ва чигунагии ҷилд ва… маъзурам».
Бар ин асос, дар заминаи ошноӣ бо нахустфарҳанги «Шоҳнома» метавон ба ин назар расид, ки фарҳангависӣ бар ҳамосаи миллии мардумони ориётабор таърихи куҳанро соҳиб буда, таърихи он ба замони наздик ба таълифи худи асар мерасад. Бо гузашти бештар аз 200 сол аз таълифи «Шоҳнома» ин раванд бунёд ниҳода шуд ва то рӯзгори мо шаклу шеваҳои мухталиф идомат пайдо намуд. Ҳусайни Хидевҷам, ки бори аввал ягона нусхаи онро панҷоҳ сол қабл пайдо ва нашр намуд, бо анҷоми ин кори муфид чанд хизмати бузурги дигареро ҳам ба поён бурд:
Бори аввал ин фарҳангро ба ҷомеаи илмии ҷаҳон, бавижа ба алоқамандони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ муаррифӣ кард;
Тамоми ин абёт дар ин фарҳангро бо нусхаҳои мухталифи «Шоҳнома» татбиқ намуда, ҳатто асноди шоҳидеро ҳам муқаррар сохт, ки дар мутуни мавҷуди ҳамосаи миллӣ мавҷуд нестанд. Мусаллам аст, ки муаллифи «Муъҷам» аз нусхаи вежаи «Шоҳнома» дар кори худ истифода кардааст, ки то дар дастрас қарор надорад. Аз ин рӯ, пажуҳиши татбиқии Ҳусайни Хидевҷам барои тасҳеҳ ва матншиносии «Шоҳнома» низ аз аҳамияти муҳим бархурдор буда метавонад.
Таҳиягари матни фарҳанг илова бар нашри он ду матни дигареро бар он афзуда, ки аввал зайли «Шавоҳиди «Луғати Фурс»-и Асадии Тусӣ аз «Шоҳнома» мебошад. Ин бевосита ҳосили заҳмати худи мураттиб аст, ки тамоми байтҳои мавриди истифодаи Асадии Тӯсиро дар фарҳанги «Луғати Фурс» ба сурати алифбоӣ бо зикри сафаҳоти он дар асоси нашри Аббос Иқбол Оштиёнӣ овардааст. Дувум коре, ки дар заминаи тасҳеҳи фарҳанги мазкур анҷом дода, интишори «Гузидаи луғати «Шоҳнома» асари Шайх Абдулқодири Бағдодӣ мебошад. Ин китобро бори аввал ховаршинос Карл Залеман дар соли 1895 дар Санкт-Петербург ба чоп расонида буд, ки Ҳусайни Хидевҷам дубора дар заминаи тасҳеҳи татбиқӣ бо «Муъҷам» нашр карда. Аҳамияти кори мураттиби фарҳанги мавриди таҳқиқи мо дар он зоҳир мешавад, ки ӯ «пас аз муқоиса ва муқобилаи матни «Муъҷам»-и Тусӣ бо нусхаи чопии «Луғати «Шаҳнома»-и Абдулқодири Бағдодӣ ба ин натиҷа расид, ки Абдулқодир «Муъҷам»-и мухтасари Тӯсиро бе зикри ном -танҳо зери унвони «чанд китоби муфид» дар таълифи муфассали худ гунҷонида аст, чаро ки бештари шавоҳиди «Муъҷам»-и Тусӣ тақрибан бо ҳамон забт дар ин «Луғати Шаҳнома» роҳ ёфта ва ҷои мавориди мубҳам ва афтодаи он низ дар «Луғати Шаҳнома»-и Абдулқодир сафед мондааст. Пас, бо канори ҳам қарор додани ин ду матн заминае фароҳам месозем, то агар бедордилони ҳунармандро дилу димоғе пайдо шавад, аз сари инсоф ба доварӣ биншинанд.
Дар маҷмуъ, бо муаррифии кӯтоҳ аз нахустфарҳанги «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва арзишу аҳамияти он дар шоҳномашиносӣ метавон ба ин натиҷа расид, ки ҳарчанд луғатномаи мазкур ҳаҷман мухтасар аст, аммо ибтикори муаллифи он дар шарҳи вожагони мураккаби ҳамосаи миллӣ ба нақши муҳим ва таъсиргузораш дар шинохти забони ин шоҳасар ва шарҳи мушкилоти он бузург ва аз сафҳаҳои таърих носутурданист. Маҳз, вуҷуди ин фарҳанг ҳукми омили муассиреро дарёфт, ки дар идомаи роҳи тайкардаи муаллифаш мактаби фарҳангнависӣ бар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шакл гирифта, аз маводи он пасовандонаш фоида гирифтанд.
Умедворем, ки бузурдошти Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва ба хонаводаи тамоми мардуми Тоҷикистон тақдим шудани «Шоҳнома» роҳро барои шинохти ҳарчӣ бештари хизматҳои ҳамшаҳрии Фирдавсӣ- Муҳаммад Алавии Тусӣ ва «Муъҷам»-и ӯ ба унвони нахустин фарҳанги ҳамосаи миллӣ ҳамвор хоҳад кард.
Нуралӣ НУРЗОД,
Директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,
доктори илмҳои филологӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»