Иди Меҳргон дар Хоруғ ботантана таҷлил карда шуд

Октябрь 27, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2025./АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –шаҳри Хоруғ Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.

Дар доираи таҷлили Иди Меҳргон,    дастовардҳои кишоварзони вилоят ва маҳсули ҳунарҳои дастии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш гузошта шуданд.

Иброз гардид, ки сокинони Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон чун дигар сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон, Меҳргонро, ки яке аз ҷашнҳои бостонии  мардуми ориёитабор мебошад, бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Таъкид шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   иди Меҳргон дар радифи  дигар ҷашнҳои миллӣ — Садаю Наврӯз ва Тиргон  эҳё гардида, таҷлили он бо риояи расму оинҳои аҷдодӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромад.

«Дар замони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ  тадбирҳои муҳим андешида, барои деҳқонону кишоварзон тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам  оварда шуданд. Инчуин барои васеъ намудани заминҳои кишт, боғу токзор, рушди соҳаҳои занбури асалпарварӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида шуда, сол аз сол деҳқонон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, маҳсулоти ватаниро на танҳо дар бозорҳои дохилӣ, балки ба хориҷи кишвар низ содирот  менамоянд»,- гуфта шуд дар ҷашн.

Таъкид гардид, ки Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва дорои беҳтарин арзишҳои умумибашарӣ ва тарбиявӣ мебошад.

Инчунин дар доираи таҷлили   Меҳргон, як зумра  кишоварзони вилоят ва намояндагону кормандони мақомоти шаҳри Хоруғ бо «Ифтихорнома»  ва «Сипоснома» сарфароз гардиданд. Ҳамзамон аҳли  санъат ва ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро пешкаши меҳмонон ва  сокинони шаҳри Хоруғ гардониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Октябрь 27, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид