Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Октябрь 28, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи фарҳанг  мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин масъалаҳо зимни  вохӯрии  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун баррасӣ гардиданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба баргузории ҳамоишу форумҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои муштарак, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, иброз гардид,  ки ҳадафи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ густариш ва тақвияти равобиту ҳамкории судманди фарҳангӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 29 апрел Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардуми Чин доир гардид.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019, 2025 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва  2014 баргузор шуданд.

 АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст