Сокинони шаҳри Кӯлоб соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд

Октябрь 28, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи адабиёти классики тоҷик — «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба шаҳри Кӯлоб расид. Тибқи нақша, ин туҳфаи пурарзиш ба 35 ҳазору 879 хонаводаи шаҳр дар панҷ ҷамоати деҳот аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин иқдом ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, боло бурдани худшиносию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии гузаштагон мебошад.

Сокинони шаҳри Кӯлоб ҳангоми дарёфти ин туҳфаи маънавӣ бо эҳсоси ифтихор изҳор доштанд, ки ин иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мегузорад.

Мардуми шарифу фарҳангдӯсти шаҳри Кӯлоб таъкид намуданд, ки ин туҳфаи маънавӣ рамзи арҷгузорӣ ба ниёгони бузург, эҳёи фарҳанги миллӣ ва пайванди устувори наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад.

Ёдовар мешавем, ки нашри нави «Шоҳнома» дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Ин шоҳасар бо сифати баланд ва тарҳи зебо омода гардида, ба ҳар хонадони мамлакат ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ тақдим мегардад.

Ҳамзамон дар идомаи иқдоми мазкур соли 2026 дар саросари мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад, ки Сарпарасти он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Озмун бо ҳадафи омӯзиши амиқи шоҳасари Фирдавсӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва бедории маънавӣ байни аҳолӣ гузаронида мешавад. Барои мукофотонидани ғолибони озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид