Водии «Ҳафткӯл» бо кӯлҳои рангоранг ва табиати афсункораш диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамояд

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт чорабиниҳои зиёде амалӣ мегарданд. Онҳо ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва таъсиси шароити мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.
Тоҷикистон дорои мавзеъҳое зиёди таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ буда, табиати зебою нотакрори он ҳар бинандаро ба ҳайрат меорад. Яке аз чунин мавзеъҳои афсонавӣ «Ҳафткӯл» мебошад, ки бо обҳои сарду фирӯзаранг ва манзараҳои афсункораш дар иҳотаи кӯҳҳои Фону Зарафшон, дар оғӯши ҷангалу марғзорҳои сабзу хуррам зери осмони нилгун доман густурдааст.
«Ҳафткӯл» яке аз зеботарин мавзеъҳои шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо ҳафт кӯли рангорангаш сайёҳонро ҳайрон мекунад. Водии «Ҳафткӯл» маҷмуи кӯлҳое аст, ки ба ёдгориҳои беназири табиати Тоҷикистон дохил буда, яке аз дигаре болотар ҷойгир шуда, аз ҳамдигар зеботаранд. «Ҳафткӯл» бо номи кӯлҳои «Марғузорӣ» низ машҳур аст. Сабаби «Марғузор» ном гирифтани мавзеи Ҳафткӯл он аст, ки кӯли аз ҳама калонтарин дар ин ҷо «Марғзор» ном дорад. Кӯлҳои «Марғузорӣ» — «Мижгон», «Соя», «Ҳушёр», «Хурдак», «Нофин», «Марғзор» ва «Ҳазорчашма» силсиламонанд буда, тавассути водии фарохи дарёи Шинг ҷорӣ мешаванд.
Ривояте ҳаст, ки замоне дар дараи Шинг марди оҳангаре сукунат дошт, ки соҳиби 7 духтари соҳибҷамол буд. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии марди оҳангарро дида, шефтаи ҷамоли ӯ мегардад. Падари духтар розӣ буд, ки ӯро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар намехост, ки ҳамсари ин марди пиронсол гардад. Духтари зирак ба қароре омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро боварӣ дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад. Аммо ҳокими солхӯрда шарти гузоштаи духтари марди оҳангарро дар муддати 40 рӯз иҷро намуда, қасри зебои тиллоӣ месозад. Духтари ҷавон дигар чорае наёфта, дар рӯзи тӯй бо пироҳани арӯсӣ худро аз боми қаср ба замин меафканад ва дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, гӯё дигар кӯлҳо аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадаанд.
Дар атрофи кӯлҳои водии «Ҳафткӯл» барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд карда шудаанд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. То ба ин мавзеъ роҳи мошингард бунёд карда шудааст. Дар бисёр маврид сайёҳон бо нақлиёти сабукрав то «Ҳафткӯл» омада, аз ҳамин ҷо имкон доранд ба дигар хатсайрҳои сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути ағбаи Товасанг ба «Кӯли калон», «Искандаркӯл» ва дигар самтҳо сафар намоянд. Ба «Ҳафткӯл» аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ дорад.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар мавзеи «Ҳафткӯл» 65 намуди растаниҳои шифобахш, дарахтону буттаҳо, аз ҷумла, бурс, арча, санавбар, сафедор, ангат, настаран, зирк, буттаҳои паҳншуда, растаниҳои марғзорӣ, даштӣ ва нимбиёбонӣ ва дигар гулу растаниҳо мерӯянд. Инчунин дар ин мавзеъ 20 намуд ҳайвонот ва парандагони гуногуни мавсимӣ сукунат дошта, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент вобаста ба фаслҳои сол корҳои биотехникӣ барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти ин макон гузаронида мешаванд.
Бо мақсади тарғиби ҳифзи «Ҳафткӯл» аз ифлосшавӣ дар атрофи ҳар кӯл шиору овезаҳо бо навиштаҷоти «Табиатро ҳифз намоед!» ва «Ба кӯл партов напартоед!» насб гардида, ҳамзамон дар ин мавзеъ бо иштироки дӯстдорони табиат ҳашарҳои «Тозагии соҳил» гузаронида мешаванд. Ин мавзеъ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар он шикор манъ аст. Дар доираи татбиқи Барномаи «Кишвари сабз» соли 2025 дар шафати кӯли ҳафтуми Ҳафткӯл- «Ҳазорчашма» дар майдони беш аз даҳ гектар 3900 бех ниҳолҳои дарахтони себ, зардолу, чормағз, ки ба иқлими баландкӯҳ мутобиқанд, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва зери назари мутахассисон шинонида шуданд.
Инчунин бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар водии «Ҳафткӯл» бунёди 10 истироҳатгоҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар баландии қисмати поёнии кӯли «Марғзор», ки табиати хеле нотакрор дорад, пойгоҳи сайёҳии «Марғузор» фаъолият менамояд, ки дар он биноҳои дуошёнаи шишагин сохта шудаанд. Ҳар сайёҳ ҳангоми тамошои зебоии кӯли «Марғзор» ва табиати нотакрору дилфиреб аз он ҳаловат мебарад. Дар пойгоҳи сайёҳӣ тамоми шароит барои сайёҳон фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар мавзеи «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл-2024» баргузор гардид. Агар аз як ҷиҳат ҳадафи ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл -2024» тарғиби варзиши сабук- давидан ва дар маҷмуъ оммавигардонии варзиш буд, аз ҷониби дигар он ба рушд ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат намуд. Зеро дар ин ниммарафон беш аз 200 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Ҳамзамон аз 1 то 3 августи соли равон дар мавзеи «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент Ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад. Ин чорабинӣ танҳо мусобиқаи варзишӣ набуда, ҷалби сайёҳон ба маконҳои сайёҳии Тоҷикистон низ мебошад, зеро дар ин ниммарафон варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.
Дар маҷмуъ «Ҳафткӯл» бо кӯҳу кӯлу дарёҳояш хеле дилрабо аст. «Ҳафткӯл» бо кӯлҳои зебо ва табиати фусункораш кайҳост мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон ва дӯстдорони табиат аз дохил ва хориҷи мамлакат қарор гирифтааст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳон аз тамошои манзараҳои афсонавии он лаззат мебаранд ва аз ҳавои тозааш нафас мекашанд.
АКС аз бойгонӣ