Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд

Октябрь 21, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 9 моҳи соли равон 1 миллиону 519,5 ҳазор хориҷиён Тоҷикистонро тамошо намудаанд, ки ин нишондиҳанда 296,3 ҳазор нафар ё 24,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд менамояд. Ин аст, ки ҳамасола сафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 1,2 миллион нафари онҳо тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ сайёҳ арзёбӣ карда мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   33,9 фоиз зиёд аст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷумҳурӣ омада 1 миллиону 388,8 ҳазор нафар ё 91,4 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 1 миллиону 147,6 ҳазор нафар сайёҳон мебошанд.

Ҳамзамон шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 130,7 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки  113,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.

Дар ин давра аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Узбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 835,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 55 фоизи теъдоди умумии сайёҳонро ташкил медиҳад.

Шумораи сайёҳоне, ки давоми нуҳ моҳ аз Русия ба мамлакат омадаанд, беш аз 414,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷои сеюм Қирғизистон бо 97,6 ҳазор нафар қарор дорад. Сайёҳон аз  Қазоқистон-28,6 ҳазор нафар, Туркманистон- 4,8 ҳазор нафар, мамлакатҳои хориҷи дур: аз Чин-30,4 ҳазор нафар, Афғонистон-13,9 ҳазор нафар, Эрон- 6,8 ҳазор нафар, ИМА- 10,3 ҳазор нафар, Олмон- 6,7 ҳазор нафар, Туркия – 5,1 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 3,7 ҳазор нафар, Италия – 3,4 ҳазор нафар, Ҷопон – 3,3 ҳазор нафар, Фаронса 3 ҳазор нафар, Австралия ва Полша- 2,9-ҳазорнафарӣ, Покистон- 2,8 ҳазор нафар, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея — 2,5 ҳазорнафарӣ ва Канада 2,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид