Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид

Июль 17, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавзуи «Технологияҳои рақамӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода сухан гуфтанд.

Зимни нишаст масъалаҳои марбут ба танзими ҷараёни маълумот, рушди инфрасохтори рақамӣ, ҳукумати электронӣ, зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мутахассисони соҳаи ICT мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ ширкатҳои бонуфузи амрикоӣ, аз ҷумла SpaceX, Nasdaq, Broad Street Capital Group, Донишгоҳи Ҳарвард, Medtronic ва ғайра иштирок намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид