Ҷаласаи чоруми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ доир шуд

Август 18, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 18.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи чоруми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои ободонию сабзазоркунӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдор ва аъзои гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода натиҷаҳои иҷрои қарори қаблӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давдатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Дарвоз ҳисобот оид ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи лоиҳаҳои сабзазоркунӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангию сайёҳӣ пешниҳод гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои мусбати баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» ва омодагӣ ба Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ таъкид карда шуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд