Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҳисор 1127 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
ҲИСОР, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии 1809 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Аз ин иншоот 40 адад корхонаи истеҳсолию саноатӣ буда, 42 адад ба соҳаи кишоварзӣ, 78 адад ба соҳаи маориф, 50 адад ба соҳаи тандурустӣ, 662 адад ба хизматрасонӣ ва савдо, 21 адад ба соҳаи фарҳанг, 67 адад ба соҳаи варзиш ва 21 адад ба соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот рост меояд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Раиси шаҳри Ҳисор иброз намуд, ки то имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 1127 адад, аз қабили корхонаю коргоҳи саноатӣ, иншооти соҳаҳои тандурустию маориф, биноҳои истиқоматӣ, иншооти хизматрасонӣ ва ғайра ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра 6 корхонаи нави саноатии хурду миёна ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо 170 сокини шаҳр бо ҷойи нави кор таъмин гардид.
Иброз гардид, ки аз ҳисоби 104 корхонаи дар шаҳри Ҳисор фаъолиятнамуда соли 2025 суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои амалкунанда ба 106,9% баробар гардид. Он аз ҳисоби саноати коркард 96,2%, тақсимоти неруи барқ, газ ва об 137,8% ва рушди саноати истихроҷи маъдан 103,9%-ро ташкил дод. Ҳамчунин дар шаш моҳи соли равон барои татбиқи саноатикунонии босуръати шаҳр корхонаи аз фаъолиятмондаи ҶДММ “Тоҷ Зарин Голд” ва коргоҳи дӯзандагии “Шарофат” ба кор андохта шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Ҳисор ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба рушди самтҳои дигари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, нақшаю дурнамо барои ба шаҳри муосири саноатӣ табдил додани Ҳисор, омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон посух дод.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






