Бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон (17 август) ҷаласаи тантанавӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса иттилоъ доданд.
Директори Маркази миллии патенту иттилоот Мирзо Исмоилзода иброз намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи сеюми моҳи август дар мамлакат Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон муқаррар гардидааст.
«Таҷлили Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон нишони он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди ихтироъкорию навоварӣ ва дастгирии ихтироъкорону навоварон таваҷҷуҳи махсус дорад. Зеро дар шароити иқтисоди инноватсионӣ моликияти зеҳнӣ ҳамчун омили бунёдии рушди иҷтимоию иқтисодӣ баромад карда, инсон ва фаъолияти ихтироъкорию навоварии он яке аз сармояҳои асосии иқтисодӣ ба шумор мераванд»,-иброз дошт Мирзо Исмоилзода.
Дар заминаи фароҳам овардани шароити муносиб барои ихтироъкорону навоварон ва дастгирии ҳамешагии онҳо шумораи ихтироъкорону навоварон ва ихтирооти онҳо сол аз сол зиёд гардида, ба рушди соҳаи инноватсионӣ мусоидат менамояд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ шумораи умумии ихтироъкорон тақрибан ба 3100 нафар расид, ки қариб 1000 нафараш занҳо мебошанд.
Дар ҳамин давра дар самти ихтироъ зиёда аз 2 ҳазор ҳуҷҷати ҳифозатӣ, аз қабили патент ва нахустпатент ба даст оварда шуд, ки ин шумора ҳамасола меафзояд.
Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон, инчунин шахсони саҳмгузор дар чорабиниҳою намоишгоҳҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 100 медалро сазовор гардидаанд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






