Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд

Август 5, 2025 08:41

ДУШАНГБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи варзишгарон дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент майдончаи  муосири варзишии болопӯшида бо муосиртарин шароит барои рушд ва оммавигардонии футбол сохта ва ба истифода дода шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни  ифтитоҳи майдончаи муосири варзишӣ роҳбарияти шаҳри Панҷакент ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки  майдончаи муосири варзишӣ дар доираи сиёсати созандаи варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  ба истифода дода шудааст.

Ҳадафи бунёди он оммавӣ гардонидани варзиш   дар шаҳр мебошад.

Ҳамзамон дар маросими ба истифода додани  майдончаи варзишӣ  ба наврасону ҷавонон лавозимоти варзишӣ туҳфа гардид.

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 5, 2025 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд