Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Подшоҳии Муттаҳида Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Август 12, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Подшоҳии Муттаҳида Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Санади мазкур дар ҳошияи мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон, ки 12 август дар Душанбе баргузор гардид,  ба имзо расид.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динию сиёсӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти миллӣ ва рушди устувори минтақа таҳдиди ҷиддӣ доранд, баррасӣ гардиданд.

Имзои Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Подшоҳии Муттаҳида дар самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динию сиёсӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ заминаи ҳамкории мутақобил  хоҳад  гузошт.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд