Байни Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар оид ба рушд Созишномаи қарзи имтиёзнок барои сохтмони НБО «Роғун» ба имзо расид

Август 23, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 август мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот атрофи ҳамкории дуҷониба, имконияти тавсеа додани он ва ҷалби Хазина барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мулоқот маросими баимзорасонии Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар оид ба рушд дар ҳаҷми 50 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони НБО Роғун» баргузор шуд. Созишномаро Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори Генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ба имзо расониданд.

Ҳадафи лоиҳа саҳм гузоштан ба амнияти миллии энергетикӣ ва дастгирии рушди иқтисодиёти мамлакат бо роҳи таъмини неруи барқи барқароршаванда барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ ва тавсеаи тавлиди неруи барқи дохилӣ ва минтақавӣ тавассути истеҳсоли энергия мебошад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 23, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд