Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
ДУШАНБЕ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. То 9 сентябр – ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расонида, баландии он ба 145 метр баробар мегардад. Ин нуктаро 27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун зимни мулоқот бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун иброз намуданд.
НБО «Роғун» — зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон
Раванди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги аср бо таҳлилҳои амиқ сухан намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон ва муҳандисони Неругоҳи барқи обии «Роғун» вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
«Роғун» — беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ
Бояд гуфт, ки бунёди иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон нақши бузург мегузорад. Неругоҳи «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ –саноатикунонии босуръати мамлакат имконияти хуб пайдо мешавад.
«Роғун» — майдони воқеии нангу номус
Имрӯз Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба майдони воқеии нангу номус ва арсаи фидокории мардуми тоҷик ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон табдил гардидааст. Ҳоло дар иншооти неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 расонида шудааст. Аз ҷумла, дар давраи солҳои 2024 – 2025 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизмҳои нав ворид карда шуд.

«Роғун» — тарҳи бузурги энергетикии «сабз» дар минтақа
Неругоҳи барқи обии «Роғун» лоиҳаи энергетикии «сабз» буда, баъди анҷоми сохтмони он мушкилоти норасоии барқ дар мамлакат бартараф мегардад ва фаъолияти он барои кишварҳои минтақа низ метавонад манфиатовар бошад. Неругоҳ дар коҳиши партовҳои карбонӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ бозида, ба кам кардани карбонҳои шабакаҳои барқ дар саросари Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Дарвоқеъ, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои иқтисоди Тоҷикистон, некӯаҳволии мардуми он ва таъмини давлатҳои минтақа бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ безарар ниҳоят муҳим аст. Неругоҳ пас аз анҷомёбӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои калидии стратегии мамлакат – истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат менамояд.
Иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ-527 миллиард кВт/соат
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мегардад. 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазир то ҳол азхуд карда нашудааст. Илова ба захираҳои гидроэнергетикӣ захираҳои зиёди тавлиди неруи барқ аз ҳисоби шамол, Офтоб ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавҷуд мебошанд. Талаботи дохилӣ ва минтақавӣ ба неруи барқ бунёди иқтидори нави истеҳсолӣ ва барқарорсозии иқтидори истеҳсолии мавҷударо тақозо менамояд.
Татбиқи 36 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика
Давоми солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар соҳаи энергетика 36 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 89 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Дар айни замон корҳо дар доираи 18 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»», лоиҳаи «Ҷорӣ намудани низоми ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «CASA-1000-лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара») амалӣ мегарданд.
Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад
Дар натиҷаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» ва сохтмони неругоҳҳои офтобию бодӣ дар 5 соли оянда иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ 4 ГВт (4000 МВт) афзоиш ёфта, то соли 2030 ба 10 ГВт (10000 МВт) баробар хоҳад шуд. Хусусан бо пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад, ки он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар мамлакат мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»










МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он






