Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»

ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зерсохтори ҷавонтарин дар ширкати МегаФон Тоҷикистон мебошад. Вале маҳз воҳиди мазкур на танҳо дар ширкат, балки дар тамоми бозори телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ майдони оғози бисёр навовариҳо гардид. Дар бораи фаъолияти Раёсати минтақавӣ дар пойтахт директори он Далер Наимов чанд сухан мегӯяд.
— Раёсати минтақавии шумо чӣ хусусият дорад? Оё онро беназир ҳисобидан мумкин аст?
— Гумон мекунам ҳа. Ҳар гуна технологияҳо ва маҳсулоти нав аввал дар шаҳрҳои калон амалӣ карда мешаванд — ин таҷрибаи маъмулӣ барои ҳамаи ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ба ҳисоб меравад. МегаФон Тоҷикистон аксар вақт дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, навовариҳоро азхуд мекунад. Маълум мешавад, ки Раёсати минтақавии мо аввалин шуда, ба муштариён чизеро пешкаш мекунад, ки то ҳол дар Тоҷикистон дастрас набуд. Мисоли одитарин замимаи мобилии «MeгаФон Life» аст. Он дар бозори телекоммуникатсионӣ бениҳоят маъруф аст ва баъзе функсияҳои муфиди Super App-и мо дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ «мукаммал» карда мешаванд. Ҳамин тариқ, сокинони Душанбе метавонанд доруҳо ва маҳсулоти хӯроквориро то дари хона фармоиш диҳанд. Дар технологияҳои алоқа низ чунин аст. Дар Душанбе нахустин минтақаи озмоишии 5G бо суръати баланди интернети мобилӣ ба кор даромад. Мо ифтихор дорем, ки ин яке аз марҳилаҳои аввалини шабакаи насли панҷум на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар ҷаҳон буд. Акнун мо ин таҷрибаро дар дигар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ низ паҳн мекунем.
— Умуман ҳоло шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то чӣ андоза рушд ёфтааст?
— Ин инфрасохтори хеле ҷиддӣ аст. Дар пойтахт мо 250 майдон дорем, ки дар онҳо қариб 630 пойгоҳи базавии андозаашон гуногун амал мекунанд. Пойгоҳҳои насли чаҳорум, ки барои суръати баланди интернети мобилӣ «масъул» ҳастанд, дар ҳар майдон ҷойгиранд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат ҳудуди 425 майдон дорад, ки қариб дар ҳама ҷо фарогирии 4G мавҷуд аст. Барои Тоҷикистон, ки асосан кӯҳҳои зиёд дорад ва масоҳати аҳолинишинаш он қадар калон нест, ин рақамҳо назаррасанд. Вале мо бо ин ҳам маҳдуд намешавем. Пойгоҳҳои базавии нав мунтазам ба кор дароварда мешаванд. Имсол мо ният дорем, ки шабакаро боз бо 70 майдони дигар васеъ гардонем. Аз инҳо 25-тоаш аллакай кор мекунад.
— Барои пурра анҷом додани сохтмон чанд пойгоҳи базавӣ зарур аст?
— Ҳар мутахассиси алоқа ба шумо гуфта метавонад, ки эҳтимол корҳои сохмонӣ пайваста идома ёбанд ва анҷоми пурраи худро надоранд. Аввалан, ландшафти шаҳрҳо тағйир меёбад. Бубинед, ки дар Душанбе чӣ қадар хонаҳои нав сохта мешаванд ва ин маънои онро дорад, ки дар ин ё он ноҳия теъдоди сокинон бештар мегардад, трафики абонентӣ меафзояд ва барои ин пойгоҳҳои базавии иловагӣ заруранд. Дуюм, наслҳои нави алоқа пайдо мешаванд. Дар ноҳияҳо мо ҳоло ҳам шабакаи 4G месозем ва дар шаҳрҳо вақти 5G фаро расидааст. Сеюм, техника нав карда мешавад. Мо ҳоло навсозии навбатиро анҷом дода истодаем, батареяҳои аккумуляториро ба намудҳои нави пуриқтидор ва боэътимод иваз мекунем, пештар дар бозори телекоммуникатсионӣ чунин батареяҳо вуҷуд надоштанд. Соли 2024 мо қариб дар 200 пойгоҳи базавӣ батареяҳоро иваз намудем. Соли 2025 мо нақша дорем, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боз 330 маҷмуи нави батареяҳои аккумуляториро насб намоем. Ин ба сифат ва дастрасии алоқа, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст таъсири бевосита мерасонад.
— Оё ҳастанд минтақаҳое, ки то ҳол сокинонашонро танҳо «МегаФон Тоҷикистон» бо алоқа таъмин менамояд?
— Бале. Масалан, дар дараи Ромит деҳаҳои Вистан, Девдара, Сорво, Яфрак мисоли ин аст. Ин натиҷаи кори мақсадноки мост, то ки ҳамагон, ҳатто минтақаҳои душворгузар бо алоқа таъмин карда шаванд. Зимнан шабакаи хизматрасонии мо низ дар минтақа калонтарин аст. Дар тобеияти Раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 147 толори хизматрасонӣ ба муштариён амал менамояд. Мо барои рушди системаҳои худхизматрасонӣ корҳои зиёд анҷом медиҳем ва метавонем ҳамон Super App-и «MeгаФон Life»-ро ном барем. Зимнан, мизоҷони оффлайни ширкат низ бояд ба хизматрасониҳо дастрасӣ дошта бошанд.
— Оё РМ-и шумо ба ягон мушкилӣ дучор шудааст?
— Бале. Лекин, бори дигар мегӯям, ки ин душвориҳо танҳо ба мо марбут набуда, балки хоси тамоми соҳаи алоқа мебошанд. Пандемия, мушкилоти иқлим, хусусияти географии Тоҷикистони кӯҳӣ, яъне ба кормандони алоқа пайваста муяссар мегардад, ки роҳҳои ҳалро дар ҳолатҳои ғайристандартӣ пайдо намоянд. Маҳз дар ҳамин вақт даста нақши муҳим мебозад. Ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ ҳамеша сар мезананд ва ин ҳодисаи ҳаёт аст, муҳим он аст, ки ба онҳо фавран ва самаранок эътино карда шавад. Ҳар нафаре, ки тавонист соҳибкасбони кордону бомаҳоратро гирд оварад, ҳамеша пешсаф мегардад.
Мо дастаи бузурги ба ҳам дӯсту тифоқ дорем. Маҳз ба шарофати кормандони масъул мо ба натиҷаҳои баланд ноил гардидем. Мо ифтихор дорем, ки МегаФон Тоҷикистон чандин бор ҳамчун беҳтарин ширкати телекоммуникатсионии пойтахт эътироф шудааст. Ин далели он аст, ки мо софдилона ва фидокорона кор мекунем. Ҳамзамон суханони неки сипосеро, ки мо аз сокинони мамлакат мешунавем, мукофоти пурарзиши мо аст. Ширкат аксар вақт чорабиниҳои бузург баргузор менамояд, ки дар онҳо имконияти муошират бо ҳазорон ашхоси касбу кори гуногун вуҷуд дорад ва ин хеле муҳим аст. Масалан, «МегаФон Лайф Фест», «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»-ро, ки соли 2024 доир гардид, ба хотир оварда метавонем. Чанде пеш чемпионати калони бачагона, ки мо якҷоя бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон гузаронида будем, ба анҷом расид. Ҳамаи ин барои наздик шудан ба муштариён ва барои дарки он, ки онҳо аз оператори худ чиро интизоранд, кумак менамояд. Мо ширкате мешавем, ки ҳамеша- ҳам дар рӯзҳои корӣ ва ҳам дар рӯзҳои ид дар паҳлуи мизоҷон бошад.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон