Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид

Август 1, 2025 11:12

ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт ва ноҳияҳои он намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази савдои «Истиқлол», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чеварони Лола» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» доир мешавад.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Валаматзода 8 (назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур), хиёбони Рӯдакӣ 10 (назди Маркази савдои «Садбарг» ва «Шукрона»), кӯчаи Айнӣ 307/5, Маркази савдои «Ховарон» ва Маркази савдои «Гелос», кӯчаи А. Лоҳутӣ 4/33 доир карда мешавад.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ намоишгоҳ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди бозори «Корвон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди бозори «Корвон плюс», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаёз-2015», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дунёи нав АСК», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик» ва Маркази савдои «Ганҷина» баргузор мешавад.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ дар Маркази савдои «Панҷшер» низ доир карда мешавад.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ дар ноҳияи Сино дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафариён» (дохили бозор) баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондаанд. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамоянд.

Хариди либосҳои ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе ба рушди саноати пойтахт, таъсиси ҷойи нави кор ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони ин корхонаҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Масъалаи таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ муҳим арзёбӣ гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинигардида ҳамеша масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.

Ба иттилои масъулин, дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ барои пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон пурра бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин гарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2025 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад