Дар Бадахшон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Бадахшон-дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Қабл аз оғози форум меҳмонон дар комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» намоиши ҳунарҳои мардумии ин минтақаро тамошо намуда, ба ҳунари кашидадӯзӣ, гулкорӣ, кулолгарӣ, челонгарӣ, маҳсули таомҳои миллӣ ва имконияти рушди сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳои баланд доданд. Махсусан ба ҳозирин 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегиранд, хеле писанд омаданд.
Дар форум муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки бо ташаббусу дастгириҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир соҳаи сайёҳӣ ба таври назаррас рушд ёфта, дар фосилаи начандон тӯлонӣ садҳо иншооти сайёҳӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар бозорҳои хизматрасонии сайёҳии ҷумҳурӣ зиёда аз 356 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ва 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои пешрафтаи сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Ин минтақаи дурдасти мамлакат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бо табиати афсонавӣ, кӯҳҳои осмонбӯс ва дарёҳои тиллоии худ бештар ҷалб намудааст.
Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки барои боз ҳам рушд бахшидани соҳа дар минтақа бунёди инфрасохтори зарурӣ ва тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ зарур аст.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва дигар иштирокдорон оид ба имконоти сайёҳии мамлакат, ҳамкории мутақобил бо дигар ширкатҳои хориҷӣ, фароҳам овардани таҷрибаи сайёҳӣ, равнақ бахшидан ва гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи самтҳои сармоягузорӣ баёни андеша намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






