Ҷаласаи кумитаи тадорукоти «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» доир гардид

Август 13, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 13.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 август таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузор намудани «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)»-2025 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани DITE-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба масъулон барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе — DITE» яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Баргузории он имкони муҳайё сохтани шароити муфид барои муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ва густариши ҳамкории байналмилалиро фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE)» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ аз 18 то 20 сентябри соли 2025 гузаронида мешавад. Намоишгоҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» бо ҷалби шарикони рушд гузаронида мешавад.

Дар DITE-2025 иштироки зиёда аз 200 субъекти хизматрасони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, инчунин зиёда аз 400 меҳмон аз давлатҳои дуру наздик пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани намоишгоҳ 7 июли соли 2025 қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расида, нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати кумитаи тадорукот тасдиқ гардид.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, тадбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Дар доираи чорабинӣ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд. Барои иштирокчиён ва меҳмонон мулоқотҳои корӣ дар шакли B2B, ба имзо расонидани санадҳои нави ҳамкорӣ, инчунин машғулияти омӯзишӣ оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир карда мешаванд.


Ҳамоҳангсози асосии баргузории DITE-2025 шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Бояд гуфт, ки нахустин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25–27 сентябри соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида буд.

АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 13, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст