Дар Душанбе рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 август вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкории стратегии ду кишвар мунтазам рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромад.
Дар натиҷа дар шашмоҳаи якуми соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 37 фоиз рушд карда, 1,2 миллиард долларро ташкил дод.
Ҳамзамон бо мақсади пайгирии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби бештари сармояи Чин аз ҷониби вазир масъалаи оғози татбиқи 13 лоиҳаи афзалиятнок мавриди пайгирӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои гуфташуда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






