Дар Душанбе Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар шаҳри Душанбе Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори шуро муовинони сарвазирони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Узбекистон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 29 ноябри соли 2024 зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷониби Тоҷикистон раисии минбаъдаро дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2025 аз ҷониби Русия қабул намуд.
АКС аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






