Дар Душанбе таҳкими ҳамкорӣ вобаста ба конфронси СИТЕС баррасӣ шуд

Август 29, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ вобаста ба конфронси дарпешистодаи СИТЕС- /Convention on International Trade in Endangered Species of Wild Fauna and Flora/  Конвенсия оид ба савдои байналмилалии навъҳои наботот ва ҳайвоноти ваҳшии дар зери хатари нобудшавӣ қарордошта зимни мулоқоти Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон  хонум Кейко Фурута дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар доираи Маркази иттилоотии ҷаҳонии гуногунии биологӣ (GBIF) ва ташаббуси иттилоот оид ба гуногунии биологии Ҷопон (JBIF), инчунин ҳамкорӣ дар марҳалаи дуюми Фонди гуногунии биологии Ҷопон дар доираи барномаи чаҳорчӯбаи Кунмин–Монреалро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон  ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муколамаи дуҷониба ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ба хотири ҳифзи мероси табиӣ ва рушди устувор изҳори омодагӣ намуданд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд