Дар Файзобод бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Шурои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон доир шуд
ФАЙЗОБОД, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи сайёри Шурои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шурои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон Дилрабо Мансурӣ оид ба аҳамияти калидии инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори дарозмуддат сухан гуфт.
Дар ҷаласа оид ба натиҷагирии татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дар шашмоҳаи якуми соли 2025, зарурати бетаъхир такмил додани ҳамкории байниидоравӣ оид ба дастгирии рушди кӯдакони то шашсола, дастоварду мушкилоти амалишавии барнома ва сари вақт бартараф намудани монеаҳои мавҷуда табодули афкор карда шуд. Ҳамзамон роҳҳои ҳалли масъала барои беҳтар кардани ҳамкорӣ байни вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳии мамлакат пешниҳод карда шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа барои таҳкими ҳамкории байнисоҳавию баланд бардоштани самаранокии барномаҳои таълимии синни барвақтии кӯдакон тавсияҳои хуб манзур намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласа бори дигар нақши муҳими рушди барвақтии кӯдакон дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъкид карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






