Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд

Август 3, 2025 15:00

ТУРСУНЗОДА, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Истироҳатгоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода яке аз беҳтарин  истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он барои кӯдакону наврасон шароити мусоиди истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст. Соли равон дар ин истироҳатгоҳ аз ҳисоби роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» зери сиёсати ятимпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 350 нафар кӯдакони нимятиму аз оилаҳои камбизоти шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба фароғату истироҳат фаро гирифта шуданд, ки 200 нафарашон кӯдакони ятими кулл мебошанд.

Ба воситаи ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ инчунин 1200 кӯдаку наврас ба истироҳати бофароғат ва дилхушкунанда ба истироҳатгоҳи «Ширкент» ҷалб гардид. Аз ин шумора 600 нафар  таълимгирандагони ятиму маъюби мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Вахш, Ёвон, Бохтар, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ буданд.

Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хизматрасонии сайёҳӣ»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» Шамшод Фозилзода иброз дошт, ки «дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати кӯдакону наврасон имсол дар истироҳатгоҳи «Ширкент» бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» тамоми шароити заруриро муҳайё намудем. Соли равон  дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 220  хонандаи ин муассиса ва 13 хонандаи муассисаҳои таълимӣ аз Федератсияи Русия омада, дар  «Ширкент» истироҳати бофароғат намуданд. Ба онҳо  боду ҳавои минтақаи Ширкент ва шароити истироҳатгоҳ хеле писанд омад».

Имсол бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расида, истироҳатгоҳ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ гардонида шуд. Истироҳатгоҳи «Ширкент» бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ ҳамарӯза дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд. Ин ҷо ҳолати санитарию гигиенӣ пайваста зери назорати мутахассисон қарор дорад. Наврасон дар баробари фароғату истироҳат дар ин ҷо бо табиати бою рангини Тоҷикистон шинос шуда, дар сайру гашт ва экскурсияҳо иштирок мекунанд. Дар истироҳатгоҳ хондани суруд, рақсидан, хондани китобҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи машғулияти писандидаи  кӯдакон мебошад. Ҳамчунин дар истироҳатггоҳ нуқтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар он табибон  ба кӯдакону наврасон ба таври шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд.

Кӯдакони ятим аз мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Вахшу Восеъ  Зокирзода Муҳаммад ва Сумая Донаева иброз намуданд,  ки «мо, кӯдакони ятим танҳо будани худро ҳис намекунем, чунки бобои азизамон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорем. Зери сиёсати ятимпарваронаи Сарвари давлат чӣ дар мактаб-интернат ва чӣ дар истироҳатгоҳи «Ширкент» нисбат ба мо ғамхории зиёд зоҳир мегардад. Дар истироҳатгоҳ беҳтарин хӯрокҳоро барои мо омода менамоянд ва ҳамаи кормандони он дар хизмати ятимон қарор доранд. Мо хурсандем, ки дар ин истироҳатгоҳ руҳу илҳоми тоза гирифта, соли нави таҳсилро бо хотираҳои нек оғоз менамоем».

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид