Дар Кӯлоб оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҷаласа доир гардид

Август 25, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот ба таври  самаранок амалӣ мегардад. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳм гузоранд. Ин матлаб зимни ҷаласаи гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Кӯлоб баён гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад, ҳадафи баргузории ҷаласа  татбиқи самараноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва фаҳмондани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки танзими дурусти истифодаи неруи барқ танҳо вазифаи мақомоти энергетикӣ нест. Барои ин ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст, то назорат, ҳисоббаробаркунӣ ва масъулияти истифодабарандагон таъмин гардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Август 25, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд