Дар Конибодом ҷамъоварии пахта оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Конибодом ҷамъоварии пахтаро оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд.
Кишоварзони Конибодом имсол дар 3901 гектар пунбадона кишт намуданд, ки пурра инкишоф ёфтааст.
Пахта зироати стратегӣ маҳсуб шуда, назар ба дигар зироати кишоварзӣ метавонад манфиати иқтисодӣ ва даромади бештар диҳад. Ҳангоми дуруст риоя кардани агротехникаи парвариши он ҳосили хуб рӯёнида мешавад.
Кишоварзони мамлакат онро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Инчунин аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом








Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид






