Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо сармоягузорони Чин баррасӣ карда шуд

Август 29, 2025 10:06

ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо имконоти истеҳсолию тиҷоратии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин минтақа хабар медиҳад, роҳбари Минтақаи озоди иқтисодӣ ба сармоягузорон имконияти васеи минтақа, имтиёзҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодиро муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Роҳбари минтақа барои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сармоягузорон изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Август 29, 2025 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст