Дар Москва ҷаласаи навбатии коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид

Август 23, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2025  /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ  дар ҷаласаи навбатии коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар пойтахти Федератсияи Русия –шаҳри Москва  баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои рушди низоми табодули иттилоот, мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук, инчунин дигар масъалаҳои муҳими соҳа муҳокима  карда шуданд.

Ҳадафи асосии ҷаласа таҳкими ҳамгироӣ байни хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории гумрукӣ дар доираи минтақаи муштарак арзёбӣ гардид.

Аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Хуршед Одиназода иштирок намуд.

 АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 23, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд